14 Биравед ва сӯи худоёне ки баргузидаед, истиғоса баред; бигзор онҳо шуморо дар вақти тангии шумо наҷот диҳанд».
Ва Элишоъ ба подшоҳи Исроил гуфт: «Маро бо ту чӣ кор аст? Назди анбиёи падарат ва анбиёи модарат бирав». Ва подшоҳи Исроил ба вай гуфт: «Не, зеро ки Худованд ин се подшоҳро даъват намудааст, то ки онҳоро ба дасти Мӯоб бисупорад».
Пас шумо дар рӯзи доварӣ, ва дар таҳлукае ки аз дурдаст меояд, чӣ хоҳед кард? Аз кӣ барои мадад паноҳ хоҳед ҷуст? Ва сарвати худро дар куҷо пинҳон хоҳед кард?
Онро бар китфи худ бардошта мебаранд, ва дар маконаш мегузоранд, ва он меистад ва аз ҷояш намеҷунбад; пеши он доду фарьёд мекунанд, вале ҷавоб намедиҳад, онҳоро аз мусибаташон раҳо намекунад.
Вақте ки доду фарьёд бардорӣ, оё андӯхтаи бутхоят туро халосӣ медиҳад? Ҳамаи онҳоро боде хоҳад бардошт ва нафасе хоҳад бурд, валекин ҳар кӣ ба Ман паноҳ мебарад, вориди замин хоҳад шуд, ва кӯҳи муқаддаси Маро тасарруф хоҳад намуд.
Пас, худоёни ту, ки барои худ сохтаӣ, куҷоянд? Бигзор онҳо бархезанд, агар туро дар вақти мусибатат наҷот дода тавонанд; зеро ки худоёни ту, эй Яҳудо, баробари шумораи шаҳрҳои ту ҳастанд.
Валекин шумо, эй хонадони Исроил, — Худованд Худо чунин мегӯяд, — дар сурате ки ба Ман гӯш намедиҳед, пас ҳар кадоматон назди бутҳои худ рафта, онҳоро ибодат намоед, вале баъд аз ин исми муқаддаси Маро дигар бо ҳадияҳо ва бутҳои худ палид насозед,