Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 10:13 - Китоби Муқаддас 1992 1999

13 Ва шумо Маро тарк карда, худоёни дигарро ибодат намудед, бинобар ин Ман шуморо дигар наҷот нахоҳам дод.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 10:13
11 Iomraidhean Croise  

Ва ту, эй писарам Сулаймон, Худои падари худро бишнос, ва Ӯро бо дили комил ва бо ҷони иштиёқманд ибодат намо, зеро ки Худованд ҳамаи дилҳоро имтиҳон мекунад, ва ҳар андеша ва фикрро мефаҳмад. Агар Ӯро ҷӯё бошӣ, Ӯ барои ту ёфт хоҳад шуд, вале агар Ӯро тарк намоӣ, Ӯ туро то абад тарк хоҳад кард.


Ва Шамаъёи набӣ пеши Раҳабъом ва сарварони Яҳудо, ки аз тарси Шишақ дар Ерусалим ҷамъ шуда буданд, омада, ба онҳо гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Шумо Маро тарк кардед, пас Ман низ шуморо тарк карда, ба дасти Шишақ супурдаам“».


Ва ӯ ба истиқболи Осо берун омада, ба вай гуфт: «Эй Осо ва тамоми Яҳудо ва Биньёмин, маро бишнавед: Худованд бо шумост, вақте ки шумо бо ӯ бошед, ва агар Ӯро ҷӯё шавед, Ӯ барои шумо ёфт хоҳад шуд, вале агар Ӯро тарк кунед, Ӯ шуморо тарк хоҳад кард.


Ва Адӯм аз зери дасти Яҳудо исьён бардошт, ки то имрӯз чунин аст; дар он замон Либно аз зери дасти ӯ исьён бардошт, зеро ки ӯ Худованд Худои падарони худро тарк кард.


Зеро ки қавми Ман ду кори бад карданд: Маро, ки чашмаи оби ҳаёт ҳастам, тарк карда, барои худ сардобаҳо канданд, сардобаҳои кафидае ки наметавонад обро нигоҳ дорад.


Шарорати ту туро ҷазо медиҳад, ва муртадии ту туро мазаммат менамояд; пас, бидон ва бубин, ки чӣ гуна бад ва талх аст он ки ту Худованд Худои худро тарк кардаӣ, ва тарси Ман дар ту нест, — мегӯяд Худованд Худои лашкарҳо.


Вақте ки ҷонам дар ман аз ҳол мерафт, Худовандро ба ёд овардам, ва дуои ман ба даргоҳи Ту, ба қасри қудси Ту расид.


Вале Ешурун фарбеҳ шуда, ба лагад задан даромад; ту фарбеҳ, ғафс ва тануманд шудаӣ; — ва Худоро, ки Офаринандаи вай аст, тарк кард, ва Кӯҳпораи наҷоти худро хорӣ дод.


Биравед ва сӯи худоёне ки баргузидаед, истиғоса баред; бигзор онҳо шуморо дар вақти тангии шумо наҷот диҳанд».


Ва Худованд Худои падарони худро, ки онҳоро аз замини Миср берун оварда буд, тарк карданд, ва худоёни дигарро аз байни худоёни қавмҳое ки дар гирду пешашон буданд, пайравӣ намуда, ба онҳо саҷда бурданд, ва Худовандро ба ғазаб оварданд.


Ва ҳамин ки довар вафот меёфт, онҳо аз нав, аз падарони худ зиёдтар фосид гардида, худоёни дигарро пайравӣ мекарданд, онҳоро ибодат намуда, саҷда мебурданд, аз корҳои зишт ва роҳи бади худ ҳеҷ даст намекашиданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan