12 Ва аҳли Сидӯн, ва Амолеқ, ва Моӯн шуморо ба танг оварданд, ва шумо сӯи ман истиғоса бурдед, ва Ман шуморо аз дасти онҳо наҷот додам.
Ва баргашта, ба чашмаи Мишфот, ки ҳамон Қодеш бошад, омаданд ва тамоми дашти Амолеқро, ва амӯриёнро низ, ки дар Ҳассун‐Томор сокин буданд, шикаст доданд.
Ва онҳое ки дар айёми Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, ном ба ном навишта шуда буданд, омада, хайманишинон ва маӯниёни дар он ҷо ёфтшударо зарба заданд ва то имрӯз онҳоро маҳв намуда, дар ҷояшон сокин шуданд, зеро ки чарогоҳ барои рамаҳошон дар он ҷо буд.
Ва ӯ банӣ‐Аммӯн ва Амолеқро назди худ ҷамъ кард, ва омада, ба Исроил зарба расонид, ва онҳо шаҳри Хурмозорро гирифтанд.
Ва ҳангоме ки банӣ‐Исроил кишт мекарданд, мардуми Мидьён ва Амолеқ ва аҳли машриқ пайдо шуда, бар онҳо ҳуҷум меоварданд.