10 Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурда, гуфтанд: «Мо пеши Ту гуноҳкор шудаем, зеро ки Худои худро тарк намуда, Баалҳоро ибодат кардаем».
Ба мо аз дасти аду ёварӣ намо, зеро ки мадади одамизод ҳеҷ аст.
Ба чӯб мегӯянд: „Ту падари ман ҳастӣ“, ва ба санг: „Ту маро зоидаӣ“; зеро ки пуштро ба Ман гардонданд, ва на рӯйро; вале дар вақти мусибати худ мегӯянд: „Бархез ва моро наҷот деҳ!“
Ва банӣ‐Аммӯн аз Урдун гузаштанд, то ки ба Яҳудо ва Биньёмин ва хонадони Эфроим низ ҷанг кунанд: ва исроилиён бағоят ба танг омаданд.
Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои банӣ‐Исроил наҷотдиҳандае ба майдон овард, ки ӯ онҳоро наҷот дод: ӯ Отниил ибни Қеназ, додари хурдии Колеб буд.
Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд; зеро ки вай нӯҳсад аробаи оҳанин дошт, ва банӣ‐Исроилро бист сол сахт ба танг овард.
Ва банӣ‐Исроил аз дасти Мидьён бағоят бенаво гардиданд, ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд.
Ва онҳо сӯи Худованд фарьёд зада, гуфтанд: „Гуноҳ кардаем, зеро ки Худовандро тарк карда, Баалҳо ва Аштораҳоро ибодат намудаем, ва алҳол моро аз дасти душманони мо раҳоӣ деҳ, ва мо Туро ибодат хоҳем намуд“.
Ва онҳо дар Мисфо ҷамъ шуданд, ва об кашида, ба ҳузури Худованд рехтанд, ва дар он рӯз рӯза доштанд, ва дар он ҷо гуфтанд: «Мо ба ҳузури Худованд гуноҳ кардаем». Ва Самуил банӣ‐Исроилро дар Мисфо доварӣ намуд.