9 Ва баъд аз он банӣ‐Яҳудо фурӯд омаданд, то ки бо канъониён, ки дар кӯҳсор ва дар ҷануб ва дар пастхамӣ сокин буданд, ҷанг кунанд.
Ва Абром рахт баста, ба самти ҷануб роҳ паймудан гирифт.
Ва Еҳушаъ, дар сурате ки тамоми Исроил бо ӯ буданд, аз Эҷлӯн ба Ҳебрӯн гузашт, ва бар зидди он ҷанг карданд.
Ва Еҳушаъ дар айни замон омада, аноқиёнро аз кӯҳистон: аз Ҳебрӯн, Дабир ва Аноб, ва аз ҳамаи кӯҳҳои Яҳудо, ва аз ҳамаи кӯҳҳои Исроил маҳв намуд; онҳоро Еҳушаъ бо якҷоягии шаҳрҳошон несту нобуд кард.
Дар кӯҳистон ва пастӣ ва саҳро ва нишебиҳо ва биёбон ва дар ҷануб — ҳиттиён, амӯриён ва канъониён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиён:
Ва банӣ‐Яҳудо ба муқобили канъониёне ки дар Ҳебрӯн сокин буданд, хуруҷ намуданд; ва номи Ҳебрӯн пештар Қирьят‐Арбаъ буд; ва ба Шешай ва Аҳиман ва Талмой шикаст расониданд.
Ва банӣ‐Яҳудо бар зидди Ерусалим ҷанг карда, онро гирифтанд, ва онро аз дами шамшер гузарониданд; ва шаҳрро оташ зада сӯзониданд.