Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 1:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Ва Адӯнӣ‐Бозақ гуфт: «Ҳафтод подшоҳ, ки сарангуштҳои дастҳо ва пойҳошон бурида шуда буд, дар таги мизи ман нонреза мечиданд; чунон ки ман кардаам, ончунон Худо ба ман подош додааст». Ва ӯро ба Ерусалим оварданд, ва дар он ҷо ӯ мурд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 1:7
16 Iomraidhean Croise  

Ва ба ӯ сухан ронда, бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: хам куштӣ ва ҳам тасарруф мекунӣ?“ Ва боз ба ӯ сухан ронда, бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: дар ҳамон ҷое ки сагон хуни Нобӯтро лесиданд, сагон хуни туро низ хоҳанд лесид“».


Ва қӯчқорро забҳ намо, ва аз хуни он гирифта, бар нармаи гӯши рости Ҳорун ва бар нармаи гӯши рости писаронаш, ва бар нарангушти дасти росташон, ва бар нарангушти пои росташон бимол; ва хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд бипош.


Вой бар ту, эй тороҷгар, ки ҳанӯз тороҷ нашудаӣ, ва эй хиёнатгар, ки дар ҳаққи ту ҳанӯз хиёнат накардаанд! Чун тороҷи худро ба итмом расонӣ, тороҷ хоҳӣ шуд; чун хиёнати худро анҷом диҳӣ, дар ҳаққи ту хиёнат хоҳанд кард.


Инак, Ман дар он замон ҳамаи онҳоеро, ки бар ту ситам мекарданд, ба танг хоҳам овард, ва лангонро наҷот хоҳам дод, ва рондашудагонро фароҳам хоҳам овард, ва онҳоро дар ҳар кишваре ки гирифтори нанг буданд, соҳиби иззат ва шӯҳрат хоҳам гардонид.


Рафторашон нишон медиҳад, ки амали шариат дар дилашон навишта шудааст; виҷдон ва афкорашон низ, ки якдигарро гоҳе айбдор ва гоҳе сафед мекунанд, дар ин бобат гувоҳӣ медиҳанд, —


Зеро бар касе ки эҳсон накардааст, доварӣ бе марҳамат хоҳад буд; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад.


Ҳар кӣ ба асирӣ мебарад, худаш ба асирӣ хоҳад рафт; ҳар кӣ бо шамшер мекушад, худаш бояд бо шамшер кушта шавад. Дар ин ҷост сабр ва имони муқаддасон.


Азбаски онҳо хуни муқаддасон ва анбиёро рехтаанд, Ту ба онҳо хун додӣ, ки бинӯшанд: ин сазои онҳост».


Ва Адӯнӣ‐Бозақ рӯй ба гурез овард, вале ӯро таъқиб намуда, дастгир карданд ва сарангуштҳои дастҳо ва пойҳояшро буриданд.


То интиқоми ситаме ки дар ҳаққи ҳафтод писари Ерубаал ба амал омад, гирифта шавад, ва хуни онҳо бар гардани бародарашон Абималик, ки онҳоро кушт, ва бар гардани сокинони Шакем афтад, ки онҳо дастҳои ӯро дар куштани бародаронаш тақвият доданд.


Ва Самуил гуфт: «Чунон ки шамшери ту занонро аз фарзандонашон маҳрум кардааст, ончунон модари ту аз миёни занон аз фарзанди худ маҳрум хоҳад шуд». Ва Самуил Аҷаҷро ба ҳузури Худованд дар Ҷилҷол пора‐пора кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan