5 Ва Адӯнӣ‐Бозақро дар Бозақ ёфта, бо ӯ ҷанг карданд; ва ба канъониён ва фариззиён шикаст расониданд.
Ва дар миёни чӯпонони чорвои Абром ва чӯпонони чорвои Лут низоъ афтод; ва дар он замон канъониён ва фариззиён сокини он замин буданд.
Вақте ки банӣ‐Яҳудо хуруҷ намуданд, Худованд канъониён ва фариззиёнро ба дасти онҳо таслим кард; ва даҳ ҳазор нафарро аз онҳо дар Бозақ куштанд.
Ва Адӯнӣ‐Бозақ рӯй ба гурез овард, вале ӯро таъқиб намуда, дастгир карданд ва сарангуштҳои дастҳо ва пойҳояшро буриданд.
Ва банӣ‐Исроил дар миёни канъониён, ҳиттиён ва амӯриён ва фариззиён ва ҳиввиён ва ябусиён сокин буданд;
Ва ӯ онҳоро дар Бозақ шумурд, ва банӣ‐Исроил сесад ҳазор, ва мардуми Яҳудо сӣ ҳазор буданд.