36 Ва ҳудуди амӯриён аз баландии Ақрабим, аз қуллаи он болотар буд.
Яъне фарзандони онҳо, ки баъд аз онҳо дар замин боқӣ монда буданд, ва онҳоро банӣ‐Исроил натавониста буданд маҳв намоянд, — ба зиммаи онҳо Сулаймон ӯҳдадории меҳнатӣ гузошт, ки то имрӯз чунин аст.
Ва сарҳади шумо аз ҷануб ҷониби Маале‐Ақрабим тоб хӯрда, сӯи Син хоҳад гузашт; ва канорҳои он аз ҷануби Қодеш‐Барнеа хоҳад буд, ва назди Ҳасар‐Аддор баромада, сӯи Асмӯн хоҳад гузашт.
Ва амӯриён азм карданд, ки дар кӯҳи Ҳорас, дар Аёлӯн ва Шаалбим сокин бошанд; вале дасти хонадони Юсуф бар онҳо гарон омад, ва хироҷгузор гардиданд.