32 Ва ошериён дар миёни канъониёне ки сокини он замин буданд, сукунат доштанд, зеро ки онҳоро натавонистанд бадар ронанд.
Ва ӯро бар Ҷилъод, ва бар Ашурӣ, ва бар Изреъил, ва бар Эфроим, ва бар Биньёмин, ва бар тамоми Исроил подшоҳ гардонид.
Банӣ‐Ошер сокинони Аккӯ ва сокинони Сидӯн ва Аҳлоб ва Акзиб ва Ҳалбо ва Афиқ ва Раҳӯбро натавонистанд бадар ронанд.
Банӣ‐Нафтолӣ сокинони Байт‐Шемеш ва сокинони Байт‐Анотро натавонистанд бадар ронанд, ва дар миёни канъониёне ки сокини он замин буданд, сукунат доштанд; ва сокинони Байт‐Шемеш ва Байт‐Анот хироҷгузори онҳо буданд.