31 Банӣ‐Ошер сокинони Аккӯ ва сокинони Сидӯн ва Аҳлоб ва Акзиб ва Ҳалбо ва Афиқ ва Раҳӯбро натавонистанд бадар ронанд.
Ва ба Ҷилъод ва ба замини Таҳтим‐Ҳодшӣ расиданд; ва ба Дон‐Яан омаданд, ва давр зада, ба самти Сидӯн рафтанд.
Ба гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот пайравӣ карданаш магар кам буд, ки ӯ Изобал бинти Этбаал, подшоҳи сидӯниёнро ба занӣ гирифт, ва рафта, Баалро ибодат кард, ва ба вай саҷда бурд.
Банӣ‐Забулун сокинони Қитрӯн ва сокинони Наҳалӯлро натавонистанд бадар ронанд; ва канъониён дар миёни онҳо сукунат доштанд, ва хироҷгузор буданд.
Ва ошериён дар миёни канъониёне ки сокини он замин буданд, сукунат доштанд, зеро ки онҳоро натавонистанд бадар ронанд.