30 Банӣ‐Забулун сокинони Қитрӯн ва сокинони Наҳалӯлро натавонистанд бадар ронанд; ва канъониён дар миёни онҳо сукунат доштанд, ва хироҷгузор буданд.
Ва бидид, ки оромидан хуб аст, ва замин гуворост, пас китфи худро барои боркашӣ хам кард ва бо хизмати хироҷ машғул шуд.
Низ Қаттот, Наҳалол, Шимрӯн, Идъало ва Байт‐Лаҳм, — дувоздаҳ шаҳр бо деҳоташон.
Ва банӣ‐Эфроим канъониёнро, ки дар Ҷозар сокин буданд, натавонистанд бадар ронанд; ва канъониён дар миёни онҳо дар Ҷозар сукунат доштанд.
Банӣ‐Ошер сокинони Аккӯ ва сокинони Сидӯн ва Аҳлоб ва Акзиб ва Ҳалбо ва Афиқ ва Раҳӯбро натавонистанд бадар ронанд.