29 Ва банӣ‐Эфроим канъониёнро, ки дар Ҷозар сокин буданд, натавонистанд бадар ронанд; ва канъониён дар миёни онҳо дар Ҷозар сукунат доштанд.
Ва ин аст нақли ӯҳдадорие ки подшоҳ Сулаймон барои бино кардани хонаи Худованд, ва хонаи худаш, ва Миллӯ, ва ҳисори Ерусалим, ва Ҳосӯр, ва Маҷиддӯ ва Ҷозар ҷорӣ карда буд:
Фиръавн, подшоҳи Миср, пеш аз ин баромада, Ҷозарро забт намуда буд, ва онро бо оташ сӯзонид, ва канъониёнро, ки дар шаҳр сукунат доштанд, кушт, ва онро ба духтари худ, ки зани Сулаймон буд, маҳр дод.
Он гоҳ Ҳӯром подшоҳи Ҷозар ба мадади Лохиш баромад, вале Еҳушаъ ӯ ва қавми ӯро торумор кард, ба дараҷае ки растагореро дар ӯ боқӣ нагузошт.
Валекин канъониёнеро, ки дар Ҷозар сокин буданд, бадар наронданд; ва канъониён то имрӯз дар миёни эфроимиён сокинанд ва хироҷгузори меҳнатӣ мебошанд.
Ва чун Исроил қувват гирифт, канъониёнро хироҷгузори худ гардонид, вале натавонист онҳоро бадар ронад.
Банӣ‐Забулун сокинони Қитрӯн ва сокинони Наҳалӯлро натавонистанд бадар ронанд; ва канъониён дар миёни онҳо сукунат доштанд, ва хироҷгузор буданд.