Ва агар он бо ту сулҳ намуда, дарвозаҳояшро барои ту бикшояд, бигзор тамоми қавме ки дар он бошанд, хироҷгузори ту гардида, хизмати туро ба ҷо оваранд.
Ва банӣ‐Менашше аҳли Байт‐Шеон ва деҳоти онро, ва аҳли Таънак ва деҳоти онро, ва сокинони Дӯр ва деҳоти онро, ва сокинони Иблеом ва деҳоти онро, ва сокинони Маҷиддӯ ва деҳоти онро натавонистанд бадар ронанд, ва канъониён азм карданд, ки дар ин замин бимонанд.