Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 1:27 - Китоби Муқаддас 1992 1999

27 Ва банӣ‐Менашше аҳли Байт‐Шеон ва деҳоти онро, ва аҳли Таънак ва деҳоти онро, ва сокинони Дӯр ва деҳоти онро, ва сокинони Иблеом ва деҳоти онро, ва сокинони Маҷиддӯ ва деҳоти онро натавонистанд бадар ронанд, ва канъониён азм карданд, ки дар ин замин бимонанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 1:27
16 Iomraidhean Croise  

Яъне фарзандони онҳо, ки баъд аз онҳо дар замин боқӣ монда буданд, ва онҳоро банӣ‐Исроил натавониста буданд маҳв намоянд, — ба зиммаи онҳо Сулаймон ӯҳдадории меҳнатӣ гузошт, ки то имрӯз чунин аст.


Дар айёми ӯ фиръавн Накӯҳ, подшоҳи Миср, сӯи подшоҳи Ашшур, ба наҳри Фурот баромад. Ва подшоҳ Йӯшиёҳу ба истиқболи вай рафт, вале вай, вақте ки ӯро дид, ӯро дар Маҷиддӯ кушт.


Ва Аҳазьёҳу, подшоҳи Яҳудо, инро дида, бо роҳи Байт‐Ҳаҷан рӯ ба гурез овард; ва Еҳу ӯро таъқиб намуда, гуфт: «Ӯро низ бизанед!» Ва ӯро дар аробааш бар тали Ҷур, ки назди Иблеом аст, захмдор карданд, ва ӯ то Маҷиддӯ гурехта, дар он ҷо мурд.


Бо онҳо ва бо худоёнашон аҳд набанд.


Малъун бод касе ки кори Худовандро мусоҳилакорона ба ҷо оварад, ва малъун бод касе ки шамшери худро аз хунрезӣ нигоҳ дорад!


Ва онҳоро Худованд Худоят ба дасти ту бисупорад, ва ту онҳоро зарба занӣ, — он гоҳ онҳоро тамоман торумор намо, бо онҳо аҳд набанд, ва ба онҳо раҳм накун,


Ва аз нисфи хонадони Менашше — Таънокро бо ҳаволии он, ва Ҷат‐Риммӯнро бо ҳаволии он, яъне ду шаҳрро доданд.


Ва баъд аз вафоти Еҳушаъ чунин воқеъ шуд, ки банӣ‐Исроил аз Худованд пурсида, гуфтанд: «Кист, ки барои мо бар зидди канъониён аввал хуруҷ намуда, бо онҳо ҷанг кунад?»


Вале ябусиёнро, ки дар Ерусалим сокин буданд, банӣ‐Биньёмин натавонистанд бадар ронанд; ва ябусиён то имрӯз бо банӣ‐Биньёмин дар Ерусалим сокин ҳастанд.


Ва он мард ба замини ҳиттиён рафт, ва шаҳре бино намуда, номи онро Луз хонд; то имрӯз номи он ҳамин аст.


Ва чун Исроил қувват гирифт, канъониёнро хироҷгузори худ гардонид, вале натавонист онҳоро бадар ронад.


Подшоҳон омада, ҷанг карданд; он вақт подшоҳони Канъон дар Таънақ назди обҳои Маҷиддӯ ҷанг карданд, лекин ҳеҷ музде бо нуқра нагирифтанд.


Вале Шоул ва қавм Аҷаҷро, ва беҳтарин бузу гӯсфандон ва говон ва парвориён ва қӯчқорони фарбеҳ ва ҳар чизи хубро дареғ дошта, нахостанд талаф намоянд, ва фақат ҳар моли хароб ва камқиматро несту нобуд карданд.


Ва аслиҳаи ӯро дар хонаи Аштора гузоштанд, ва ҷасадашро бар ҳисори Байт‐Шон овехтанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan