Ва назди ҳудуди банӣ‐Менашше: Байт‐Шеон ва деҳоташ, Таънак ва деҳоташ, Маҷиддӯ ва деҳоташ, Дӯр ва деҳоташ; дар ин ҷойҳо писарони Юсуф ибни Исроил сукунат доштанд.
Аз писарони Юсуф: аз банӣ‐Эфроим бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —
Зеро ки банӣ‐Юсуф ду хонадон буданд: Менашше ва Эфроим; ва онҳо ба левизодагон дар замин ҳеҷ ҳиссае надоданд, балки фақат шаҳрҳоро барои сукунаташон ва ҳаволии онҳоро барои чорво ва молашон.