Боз назар андохта, дар таҳти офтоб дидам, ки даводавӣ на аз барои сабукравон аст, ва корзор на аз барои баҳодурон аст, ва нон на аз барои хирадмандон аст, ва сарват на аз барои оқилон аст, ва меҳр на аз барои донишмандон аст; чунки вақти номусоид ва нокомӣ ба ҳамаи онҳо рӯй хоҳад дод.
Ва алҳол ту ин кӯҳистонро ба ман бидеҳ, ки дар он рӯз Худованд дар бораи он гуфта буд; зеро ту дар он рӯз шунидӣ, ки аноқиён он ҷо ҳастанд, ва шаҳрҳояш бузург ва ҳисордор аст; шояд, Худованд бо ман бошад, ва ман онҳоро бадар ронам, чунон ки Худованд гуфтааст».
Ва Довуд берун омада, дар ҳар ҷое ки Шоул ӯро мефиристод, комьёб мегардид; ва Шоул ӯро бар ҷанговарон сардор таъин намуд, ва ин дар назари тамоми қавм ва дар назари фармонбарони Шоул низ писанд омад.