Зеро ки ӯ бар тамоми замини он тарафи наҳр, аз Тифсаҳ то Ғазза, бар ҳамаи подшоҳони он тарафи наҳр ҳукмронӣ мекард; ва барои ӯ гирдогирд, аз тамоми атрофаш сулҳу осоиштагӣ буд.
Ва худуди туро аз баҳри Қулзум то баҳри фалиштиён, ва аз биёбон то наҳри Фурот муқаррар хоҳам кард; зеро ки сокинони ин заминро ба дасти шумо хоҳам супурд, ва ту онҳоро аз пеши худ бадар хоҳӣ ронд.
Аз Шиҳӯр, ки дар рӯ ба рӯи Миср аст, то сарҳади Эқрӯн ба самти шимол, ки аз они Канъон ба шумор меравад; панҷ ҳокими фалиштиён: аз они Ғазза, аз они Ашдӯд, аз они Ашқалӯн, аз они Ҷат, аз они Эқрӯн ва аз они аввиён;