Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 1:15 - Китоби Муқаддас 1992 1999

15 Ва ӯ ба падараш гуфт: «Ба ман баракате бидеҳ, зеро ки замини ҷанубиро ту ба ман додаӣ, пас чашмаҳои обро ҳам ба ман бидеҳ». Ва Колеб чашмаҳои боло ва чашмаҳои поёнро ба ӯ дод.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 1:15
9 Iomraidhean Croise  

Баракати маро, ки бароят оварда шуд, бигир; чунки Худо ба ман эҳсон кардааст, ва ҳама чиз дорам». Ва чун Яъқуб ӯро розӣ кард, ӯ гирифт.


Бинобар ин лозим донистам аз бародарон илтимос кунам, ки аз ман пештар назди шумо рафта, хайроти ваъдагии шуморо пешакӣ муҳайё кунанд, то ки он ҳамчун хайроте тайёр бошад, на ҳамчун хироҷе.


Зеро замине ки борҳо борони бар он боридаро мехӯрад ва барои онҳое ки онро кор мекунанд, набототи фоиданоке мерӯёнад, — аз Худо баракат меёбад;


Ва ӯ гуфт: «Ба ман баракате бидеҳ, зеро ки замини ҷанубиро ту ба ман додаӣ, пас чашмаҳои обро ҳам ба ман бидеҳ». Ва Колеб чашмаҳои боло ва чашмаҳои поёнро ба ӯ дод.


Дар ивази бадӣ, бадӣ накунед, ё дар ивази лаънат, лаънат нагӯед; баръакс, баракат диҳед, чун медонед, ки шумо барои он даъват карда шудаед, ки вориси баракат гардед.


Ва чун духтар назди вай омад, вай ӯро моил намуд, ки аз падари худ киштзоре биталабад, ва ӯ аз болои хар фурӯд омад; ва Колеб ба ӯ гуфт: «Ту чӣ мехоҳӣ?»


Ва банӣ‐Қенӣ, ақрабои падарарӯси Мусо, аз шаҳри Хурмозор бо банӣ‐Яҳудо хуруҷ намуда, сӯи биёбони Яҳудо, ки дар ҷануби Арод аст, равона шуданд ва дар миёни ин қавм маскан гирифтанд.


Ва Абиҷайл шитобон дусадто нон, ва ду машк шароб, ва панҷ гӯсфанди пухта, ва панҷ сео хӯшабирьён, ва сад сар мавизи соягӣ, ва дусад қурс анҷир гирифта, ба харҳо бор кард.


Ва ин аст инъоме ки канизат барои оғоям овардааст, ва он ба навкароне ки ҳамроҳи оғоям мераванд, дода мешавад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan