12 Ва Колеб гуфт: «Касе ки ба Қирьят‐Сефер шикаст расонад ва онро бигирад, духтари худ Аксоро ба вай ба занӣ хоҳам дод».
Ва ман исми Туро то абад хоҳам сароид, чун ҳар рӯз назрҳои худро адо намоям.
Занон гирифта, писарон ва духтарон ба дуньё оваред, ва занон барои писарони худ бигиред, ва духтарони худро ба шавҳар бидиҳед, то ки писарон ва духтарон ба дуньё оваранд; ва дар он ҷо биафзоед ва кам нашавед.
Ва аз он ҷо бар зидди сокинони Дабир баромад; ва номи Дабир пештар Қирьят‐Сефер буд.
Ва аз он ҷо онҳо ба муқобили сокинони Дабир равона шуданд; ва номи Дабир пештар Қирьят‐Сефер буд.
Ва Отниил ибни Қеназ, додари хурдии Колеб, онро гирифт; ва ӯ духтари худ Аксоро ба вай ба занӣ дод.
Ва мардони Исроил мегуфтанд: «Оё ин мардро, ки мебарояд, дидед? Вай мебарояд, ки Исроилро таҳқир намояд. Ва агар ягон кас варо бикушад, подшоҳ ӯро бо сарвати бисьёр сарватманд хоҳад гардонид, ва духтари худро ба ӯ ба занӣ хоҳад дод, ва хонадони падари ӯро дар Исроил озод хоҳад кард».
Ва навкарони Шоул ин суханонро ба гӯши Довуд расониданд, ва Довуд гуфт: «Оё дар назари шумо домоди подшоҳ шудан осон аст? Ва ҳол он ки ман шахси бенаво ва ҳақирам».