Ва ӯ ба ҳузури Элъозори коҳин истад, то ки барои ӯ ҳукми уримро ба ҳузури Худованд бипурсад: аз рӯи фармони вай бояд ӯ, ва тамоми банӣ‐Исроил бо ӯ, ва тамоми ҷамоат берун раванд, ва аз рӯи фармони вай дохил шаванд».
Ва банӣ‐Менашше аҳли Байт‐Шеон ва деҳоти онро, ва аҳли Таънак ва деҳоти онро, ва сокинони Дӯр ва деҳоти онро, ва сокинони Иблеом ва деҳоти онро, ва сокинони Маҷиддӯ ва деҳоти онро натавонистанд бадар ронанд, ва канъониён азм карданд, ки дар ин замин бимонанд.
Ва бархоста, ба Байт‐Ил рафтанд, ва аз Худо пурсиданд, ва банӣ‐Исроил гуфтанд: «Кист, ки аз миёни мо аввал бар зидди банӣ‐Биньёмин ба ҷанг барояд?» Ва Худованд гуфт: «Яҳудо аввал барояд».
Ва банӣ‐Исроил баромада, ба ҳузури Худованд то шом гиристанд, ва аз Худованд пурсида, гуфтанд: «Оё боз бар зидди бародарони худ банӣ‐Биньёмин барои ҷанг наздик оем?» Ва Худованд ғуфт: «Бар зидди онҳо бароед».