3 Агар бихоҳад бо Ӯ баҳс кунад, яке аз ҳазор ҳам ба вай ҷавоб нахоҳад дод.
Ба Худо мегӯям: „Маро айбдор накун; ба ман бифаҳмон, ки аз барои чӣ бо ман мубориза мекунӣ?
Кист, ки тавонад ба ман мухолифат кунад? Дар он сурат ҳоло хомӯш шуда, ҷон медодам.
Чаро ба Ӯ даъво мекунӣ, ки аз тамоми аъмоли Худ ҳисобот намедиҳад?
Зеро боз ба зиммаи кас намегузорад, ки назди Худо ба мурофиа биёяд.
«Канӣ, камари худро мисли мард бибанд: Ман ба ту савол хоҳам дод, ва ту ба Ман бифаҳмон.
Пас, худро бо кибриё ва ҷалол оро бидеҳ, ва пероҳани шукӯҳ ва шавкат бипӯш;
Алалхусус ман магар метавонам ба Ӯ ҷавоб гардонам, ва суханони худро ба ҳузури Ӯ интихоб намоям?
Агар худро сафед кунам, даҳонам маро айбдор менамояд; ва агар беайб бошам, Ӯ маро каҷкор мешуморад.
Аз ин хоҳам донист, ки Ту ба ман таваҷҷӯҳ менамоӣ, зеро ки душманам бар ман тантана намекунад.
Аммо ту кистӣ, эй одамизод, ки бо Худо баҳсу мунозира мекунӣ? Оё маснӯъ ба сонеъ мегӯяд: «Чаро маро чунин соҳтӣ?»
Агар гӯем, ки мо гуноҳе надорем, — худамонро фиреб медиҳем, ва дар мо ростӣ нест.
Дар ҳар чизе ки дил моро маҳкум менамояд, чунки Худо аз дили мо бузургтар аст ва ҳар чизро медонад.