2 «Яқин медонам, ки чунин аст, вале инсон чӣ гуна ба ҳузури Худо одил шавад?
Ҳангоме ки онҳо пеши Ту гуноҳ кунанд, — зеро касе нест, ки гуноҳ накунад, — ва ту бар онҳо ғазаб карда, онҳоро ба душман таслим намоӣ, ва асиркунандагонашон онҳоро ба замини душман, — хоҳ наздик бошад хоҳ дур, — бибаранд;
Худовандо, Худои Исроил! Ту одил ҳастӣ, зеро ки бақияе аз мо мисли имрӯз саломат мондаанд; инак мо ба ҳузури Ту дар маъсияти худ ҳозирем, гарчанде ки ба сабаби ин ба ҳузури Ту истодагӣ кардан мумкин нест».
Вале инсон чӣ гуна ба ҳузури Худо одил шавад? Ва зодаи зан чӣ гуна пок бошад?
Инак, ҳатто моҳ чандон рӯшноӣ намедиҳад, ва ситорагон дар назари Ӯ пок нестанд,
Ва хашми Элиҳу ибни Баракъили Бузӣ, ки аз қабилаи Ром буд, ба ҷӯш омад: хашми вай бар Айюб аз он сабаб ҷӯш зад, ки ӯ худро бештар аз Худо одил мешумурд;
„Ман пок ҳастам ва бе маъсият; ман айбе надорам, ва гуноҳе дар ман нест;
Зеро ки Айюб гуфт: „Ҳақ ба ҷониби ман аст, вале Худо маро аз адлу инсоф маҳрум намудааст;
„Оё инсон ба ҳузури Худо одил мешавад? Оё мард ба ҳузури Офаридагори худ пок мешавад?“
Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
Эй Исроил, ба Худованд умед банд, аз ҳоло ва то абад.
Ӯ эҳсони ман аст ва қалъаи ман, паноҳгоҳи ман аст ва раҳокунандаи ман, сипари ман аст, ва ба Ӯ паноҳ мебарам; қавми маро зердасти ман мегардонад.
Чунки бо аъмоли шариат ҳеҷ одаме пеши Ӯ сафед нахоҳад шуд; зеро ки гуноҳ ба воситаи шариат дониста мешавад.