Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 7:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Чунон ки абр пароканда шуда, нопадид мегардад, ончунон касе ки ба гӯр фурӯ меравад, боло нахоҳад баромад,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 7:9
14 Iomraidhean Croise  

Ва алҳол вай мурдааст, пас чаро ман рӯза дорам? Оё ман метавонам варо баргардонам? Ман назди вай хоҳам рафт, вале вай назди ман нахоҳад баргашт».


Мо, охир, ҳатман хоҳем мурд, ва мисли обе хоҳем буд, ки ба замин рехта мешавад, ва онро дигар ҷамъ кардан мумкин нест; ва Худо ҷонро нобуд намекунад, балки тадбирҳо меандешад, то ки рондашудае аз ӯ ронда нашавад.


Пеш аз он ки бебозгашт биравам, ба кишвари торикӣ ва зулмот,


Он мисли баландиҳои осмон аст, — чӣ метавонӣ бикунӣ? Аз қаъри дӯзах чуқуртар аст, — чӣ метавонӣ бидонӣ?


Зеро ки солҳои андак ба охир мерасад, ва ман ба роҳи бебозгашт хоҳам рафт.


Агар умед кунам, ки дӯзах хонаи ман аст, ва дар торикӣ бистари худро андозам,


Он ба дарвозаи дӯзах фурӯ хоҳад рафт, вақте ки якҷоя дар хок фурӯд оем».


Дар он сурат ҳоло мехобидам ва фароғат менамудам, хоб мекардам ва ором меёфтам,


Даҳшатҳо маро фаро гирифта, мисли боде ҳиммати маро таъқиб мекунад, ва комьёбии ман мисли абре гузашта рафтааст.


Ӯ нами зиёде бар абрҳо бор мекунад, ва саҳобҳои нури Худро мегустаронад.


Зеро ки мусибатҳои бешумор маро иҳота намудааст; гуноҳҳоям маро мубтало кардааст, ба тавре ки қобили дидан нестам: онҳо аз мӯи сарам бисьёр аст, ва дилам маро тарк кардааст.


Мурдагон зинда нахоҳанд шуд; арвоҳи мурдагон нахоҳанд бархост; зеро ки Ту онҳоро тафаққуд намуда, нобуд сохтаӣ, ва тамоми зикрашонро маҳв кардаӣ.


Ман гуфтам, ки Худовандро дигар нахоҳам дид, — Худовандро дар замини зиндаҳо; дар миёни сокинони дуньё инсонро дигар нахоҳам дид;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan