8 Чашми касе ки маро дидааст, маро дигар нахоҳад дид; чашмони Ту сӯи ман назар хоҳад кард, — ва дигар нахоҳам буд.
Ва алҳол вай мурдааст, пас чаро ман рӯза дорам? Оё ман метавонам варо баргардонам? Ман назди вай хоҳам рафт, вале вай назди ман нахоҳад баргашт».
Ва пойҳои маро дар ишкел меандозӣ, ва ҳамаи роҳҳои маро мепоӣ — кафи пойҳои маро пайгирӣ мекунӣ.
Валекин мард мемирад, — ва фано мешавад, ва одам ҷон медиҳад, — ва куҷост ӯ?
Оё бар чунин махлуқе чашмони Худро менигаронӣ, ва маро бо Худ ба мурофиа мебарӣ?
Мисли хоб хоҳад парид, ва ӯро нахоҳанд ёфт, ва мисли рӯъёи шаб аз назар ғоиб хоҳад шуд.
Чашме ки ӯро дида буд, дигар нахоҳад дид, ва маконаш дигар ба ӯ нахоҳад нигарист.
Ба сифати сарватдор хоб меравад, вале дигар чунин нахоҳад буд: чашмони худро мекушояд, — ва сарваташ нест шудааст.
Дар он сурат ҳоло мехобидам ва фароғат менамудам, хоб мекардам ва ором меёфтам,
Ва чаро ҷиноятамро намеомурзӣ, ва аз гуноҳам намегузарӣ? Зеро ки ҳоло дар хок хоҳам хобид, ва маро хоҳӣ ҷуст, — ва дигар нахоҳам буд».
Аммо агар аз ҷои худ канда шавад, ҷояш онро инкор карда, мегӯяд: „Туро надидаам!“
Дарахтони Худованд шодоб мешаванд, яъне арзҳои Лубнон, ки Ӯ шинондааст,
Адолати Туро андаруни дилам махфӣ надоштаам, вафо ва наҷоти Туро баён кардаам, эҳсон ва ростии Туро аз ҷамоати бузург пинҳон надоштаам.