7 Ба ёд овар, ки ҳаёти ман бод аст, ва чашми ман некиро дигар нахоҳад дид.
Ва падари онҳо Яъқуб ба онҳо гуфт: «Маро аз фарзандонам маҳрум кардед: Юсуф нест, ва Шимъӯн нест, ва Биньёминро мехоҳед бибаред, — ин ҳама кулфатҳо бар сари ман аст!»
Аммо каломеро, ки ба бандаи Худ Мусо амр фармудаӣ, ба ёд овар, ки гуфтаӣ: „Агар шумо хиёнат намоед, Ман шуморо дар миёни қавмҳо пароканда хоҳам кард;
Рӯзҳои ман, охир, ҳанӯз кам аст, пас маро тарк намо, ва аз ман даст каш, то ки каме кушодарӯй гардам,
Ба ёд овар, ки маро мисли сафол сириштаӣ, — ва маро ба хок бармегардонӣ?
Аз ҷон безор шудаам, то абад зиндагӣ нахоҳам кард; маро тарк намо, зеро ки рӯзҳоям ҳеҷу пуч аст.
Ва рӯзҳои ман аз даванда тезравтар аст, — медавад, некӣ намебинад,
Корҳои зиёде Ту кардаӣ, эй Худованд Худои ман! Корҳои аҷоиб ва андешаҳоеро, ки Ту дар ҳаққи мо зоҳир намудаӣ, — кист, ки монанди Ту бошад! — мавъиза ва нақл хоҳам кард, аммо шумораи онҳо бениҳоят бисьёр аст.
Қурбониҳои адолатро тақдим намоед, ва ба Худованд таваккал кунед.
Ту, эй Худованд, инро медонӣ; пас, маро ба ёд овар ва тафаққуд намо, ва интиқоми маро аз таъқибкунандагонам бигир; ба сабаби пурсабрии Худ маро талаф накун; бидон, ки ба хотири Ту бори нангро бардоштаам.
Дар сурате ки шумо намедонед, ки фардо чӣ ҳодиса рӯй хоҳад дод: зеро ки чист зиндагонии шумо? Буғест, ки ба муддати кӯтоҳе зоҳир гардида, баъд нест мешавад.