Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 7:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Рӯзҳои ман аз моку тезравтар аст, ва бо ноумедӣ анҷом меёбад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 7:6
23 Iomraidhean Croise  

Инак, маро қатл кунад ҳам, ба Ӯ умед хоҳам баст, аммо беайбии роҳҳои худро ба ҳузури Ӯ исбот хоҳам кард.


Об сангҳоро месояд, ҷараёнҳояш хоки заминро шуста мебарад, ончунон Ту умеди инсонро несту нобуд мекунӣ.


Зеро ки солҳои андак ба охир мерасад, ва ман ба роҳи бебозгашт хоҳам рафт.


Рӯҳи ман пажмурда шудааст, рӯзҳои ман ба поён мерасад, қабристон барои ман муҳайёст.


Рӯзҳоям гузаштааст, андешаҳоям, — орзуҳои дилам, — барбод рафтааст.


Пас, умеди ман куҷост? Ва кист, ки умеди маро дида бошад?


Он ба дарвозаи дӯзах фурӯ хоҳад рафт, вақте ки якҷоя дар хок фурӯд оем».


Маро гирдогирд хароб кардааст, ва ман талаф мешавам; ва умеди маро, мисли дарахте, решакан кардааст.


Ман чӣ куввате дорам, ки умедвор шавам? Ва чӣ муроде дорам, ки сабр пеша кунам?


Ва рӯзҳои ман аз даванда тезравтар аст, — медавад, некӣ намебинад,


Зеро, ба андозае ки осмон аз замин баланд аст, эҳсони Ӯ бар тарсгоронаш ба ҳамон андоза бузург аст.


Аъмоли Туро насл бо насл ситоиш хоҳад намуд, ва қудрати Туро ривоят хоҳад кард.


Шарир барои бадии худ рад карда мешавад, вале одил дар вақти мамоти худ низ ба Худо паноҳ мебарад.


Пои худро аз бараҳнагӣ ва гулӯи худро аз ташнагӣ нигоҳ дор. Вале ту гуфтӣ: „Не, умеде нест! Зеро ки бегонаҳоро дӯст медорам ва аз қафои онҳо хоҳам рафт“.


Дар он замон шумо бе Масеҳ, аз ҷамоати Исроил ҷудо ва нисбат ба аҳдҳои ваъда бегона будед, дар олам бе умед ва бе Худо будед.


Офтоб бо гармо тулӯъ намуда, алафро мехушконад, ва гули он рехта, зебоии намуди он нест мешавад; сарватдор низ дар роҳҳои худ ҳамин тавр пажмурда хоҳад шуд.


Дар сурате ки шумо намедонед, ки фардо чӣ ҳодиса рӯй хоҳад дод: зеро ки чист зиндагонии шумо? Буғест, ки ба муддати кӯтоҳе зоҳир гардида, баъд нест мешавад.


Бинобар ин, камари ақли худро маҳкам баста ва ҳушьёр шуда, ба файзе ки дар вақти зуҳури Исои Масеҳ ба шумо ато хоҳад шуд, комилан умедвор бошед.


Зеро ки ҳар ҷисм мисли алаф аст, ва ҳар ҷалоли одамӣ — мисли гули алаф; алаф хушк мешавад, ва гули он мерезад;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan