Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 7:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Аз ҷон безор шудаам, то абад зиндагӣ нахоҳам кард; маро тарк намо, зеро ки рӯзҳоям ҳеҷу пуч аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 7:16
22 Iomraidhean Croise  

Ва Ривқо ба Исҳоқ гуфт: «Аз дасти духтарони ҳиттӣ аз ҷон безор шудаам; агар Яъқуб зане аз духтарони ҳиттӣ, мисли ононе ки духтарони ин заминанд, бигирад, ба ман зиндагӣ чӣ лозим аст?»


Ва худаш дар биёбон роҳи якрӯзаро тай намуд, ва омада, зери дарахти ратам нишаст, ва ба ҷони худ маргро хоста, гуфт: «Бас аст! Алҳол, эй Худованд, ҷони маро бигир, зеро ки ман аз падарони худ беҳтар нестам».


Ҷони ман аз зиндагии ман безор шудааст; ба андӯҳи худ дода мешавам; аз талхии ҷони худ сухан меронам.


Рӯзҳои ман, охир, ҳанӯз кам аст, пас маро тарк намо, ва аз ман даст каш, то ки каме кушодарӯй гардам,


Аз вай рӯй гардон, то ки дам гирад ва рӯзашро мисли муздуре ба анҷом расонад.


Ва Худо таваҷҷӯҳ намуда, маро маҳв мекард, ва дасти Худро дароз карда, риштаи умри маро мебурид!


Ва он гоҳ ҷони ман хафақонро, яъне маргро аз ин устухонҳои ман афзал медонад.


Ба ёд овар, ки ҳаёти ман бод аст, ва чашми ман некиро дигар нахоҳад дид.


Ман беайб ҳастам, ғами ҷони худро намехӯрам, аз зиндагии худ безор шудаам.


Аъмоли Туро насл бо насл ситоиш хоҳад намуд, ва қудрати Туро ривоят хоҳад кард.


Дар ҷамоати бузург аз адолат башорат додаам; инак, лабҳои худро нахоҳам баст: Худовандо, Ту медонӣ.


Зеро ки мусибатҳои бешумор маро иҳота намудааст; гуноҳҳоям маро мубтало кардааст, ба тавре ки қобили дидан нестам: онҳо аз мӯи сарам бисьёр аст, ва дилам маро тарк кардааст.


Корҳои зиёде Ту кардаӣ, эй Худованд Худои ман! Корҳои аҷоиб ва андешаҳоеро, ки Ту дар ҳаққи мо зоҳир намудаӣ, — кист, ки монанди Ту бошад! — мавъиза ва нақл хоҳам кард, аммо шумораи онҳо бениҳоят бисьёр аст.


Ҷонам ба Ту часпидааст; ямини Ту маро дастгирӣ менамояд.


Бинобар ин аз ҳаёт нафрат намудам, зеро корҳое ки дар таҳти офтоб карда мешавад, дар назарам нохуш аст, чунки ҳама ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!


Ва тамоми бақияе ки аз ин қабилаи шарир боқӣ мемонад, дар ҳар маконе ки боқӣ монда бошад, ва Ман онҳоро ба он ҷо бадар ронда бошам, мамотро аз ҳаёт афзал хоҳанд донист, — мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Ва акнун, эй Худованд, ҷони маро аз ман бигир, зеро ки мурданам аз зистанам беҳтар аст».


Вақте ки офтоб баромад, Худо боди шарқии тафсоне вазонид, ва офтоб сари Юнусро зад, ва ӯ беҳол шуд ва ба худ марг талабида, гуфт: «Мурданам аз зистанам беҳтар аст».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan