Агар айбдор бошам, вой бар ман! Ва агар ҳақ ба ҷониби ман бошад, ҷуръат надорам сари худро бардорам: аз нанг сер шудаам ва доим залолати худро мебинам.
Зеро ки аз бисьёрии андӯҳ ва дилтангӣ ба шумо бо ашки фаровон навишта будам, на аз барои он ки шуморо ғамгин гардонам, балки барои он ки муҳаббати зиёдеро, ки нисбат ба шумо дорам, дарк намоед.