10 Ба хонаи худ дигар нахоҳад баргашт, ва маконаш дигар ӯро нахоҳад шинохт.
Ва алҳол вай мурдааст, пас чаро ман рӯза дорам? Оё ман метавонам варо баргардонам? Ман назди вай хоҳам рафт, вале вай назди ман нахоҳад баргашт».
Мисли наҷосаташ абадан нест хоҳад шуд; онҳое ки ӯро дида буданд, хоҳанд гуфт: „Ӯ куҷост?“
Чашме ки ӯро дида буд, дигар нахоҳад дид, ва маконаш дигар ба ӯ нахоҳад нигарист.
Боди шарқӣ мебардорад, ва меравад; ва ӯро аз маконаш лесида мебарад.
Дар ҳаққи ӯ даст бар ҳам месояд, ва аз маконаш ба ҳоли ӯ ҳуштак мекашад.
Аммо агар аз ҷои худ канда шавад, ҷояш онро инкор карда, мегӯяд: „Туро надидаам!“
Дарахтони Худованд шодоб мешаванд, яъне арзҳои Лубнон, ки Ӯ шинондааст,
Худовандо! Тамоми орзуям пеши назари Туст, ва оҳу фиғонам аз Ту пӯшида нест.