1 Оё ҳаёти одамизод бар замин пурмашаққат нест, ва рӯзҳои ӯ мисли рӯзҳои муздур нест?
Шоҳидони нави Худро ба муқобили ман хоҳӣ овард, ва ғазаби Худро бар ман пурзӯр хоҳӣ кард, ва фавҷҳои азобу уқубат пай дар ҳам ба сари ман хоҳанд омад.
Одамизод, ки аз зан зоида мешавад, рӯзҳояш кам ва азобаш бисьёр аст:
Балки одамизод барои азоб зоида мешавад, чунон ки шарораҳо парида боло мебароянд.
Чунон ки ғулом иштиёқманди соя аст, ва чунон ки муздур умедвори музди худ мебошад,
Ва суруди наве дар даҳонам гузошт, — ҳамду санои Худои моро. Бисьёр касон инро дида, тарсон хоҳанд шуд, ва ба Худованд таваккал хоҳанд кард.
Одамизод бар рӯҳи худ тасаллут надорад, то ки рӯҳро боздорад; ҳамчунин бар рӯзи мамот тасаллут надорад, ва чунон ки дар ин корзор ӯро раҳоӣ нест, шарорат низ соҳибашро халос намекунад.
Ва алҳол Худованд чунин мегӯяд: «Баъд аз се сол, мисли солҳои муздур, ҷалоли Мӯоб бо тамоми оммаи сершумори он ба залолат хоҳад афтод, ва бақияи он бағоят хурд ва беқувват хоҳад буд».
Зеро ки Худованд ба ман чунин гуфтааст: «Баъд аз як сол, мисли солҳои муздур, тамоми ҷалоли Қедор маҳв хоҳад шуд;
«Бирав ва ба Ҳизқиё бигӯй: Худованд, Худои падарат Довуд, чунин мегӯяд: дуои туро шунидам, ашкҳои туро дидам. Инак, Ман бар рӯзҳои ту понздаҳ сол илова менамоям.
Суханони дилпазир ба Ерусалим гӯед ва ба вай зълон намоед, ки мӯҳлати муборизаи вай пур шудааст, гуноҳаш подош ёфтааст, зеро ки вай барои ҳамаи хатоҳояш аз дасти Худованд дучандон ҷазо дидааст.
Ва бигзор ӯ бо касе ки ӯро харидааст, аз соле ки худро ба вай фурӯхта буд, то соли юбил ҳисобӣ кунад, ва нуқрае ки дар ивазаш ӯ худро фурӯхта буд, бояд мувофиқи солҳо тақсим карда дода шавад, ва мӯҳлате ки ӯ назди вай буд, мисли мӯҳлати муздур ҳисоб ёбад.
Бигзор ба назари ту сахт нанамояд, ки варо озод карда мефиристӣ, зеро ки вай дар зарфи шаш сол ду баробари муздури кироя барои ту хизмат кардааст; ва Худованд Худои ту дар ҳар коре ки мекунӣ, туро баракат хоҳад дод.