4 Зеро ки тирҳои Қодир андаруни ман аст, ки заҳри онҳоро рӯҳи ман мечашад; даҳшатҳои Худо бар зидди ман саф бастааст.
Ғазаби Ӯ маро медарад ва бо ман адоват дорад; дандонҳои Худро бар ман ғиҷиррос мезанонад. Душманам чашмонашро ба ман ало мекунад.
Фавҷҳои Ӯ якҷоя меоянд, ва роҳи худро сӯи ман кушодаанд, ва гирдогирди хаймаи ман ҷойгир шудаанд.
Ӯ заҳри гурзаҳоро хоҳад макид; забони афъӣ ӯро хоҳад кушт.
Чашмонаш мусибати варо бубинад, ва худаш аз ҷоми ғазаби Қодир бинӯшад,
Даҳшатҳо маро фаро гирифта, мисли боде ҳиммати маро таъқиб мекунад, ва комьёбии ман мисли абре гузашта рафтааст.
Зеро ки ҳалокат аз ҷониби Худо барои ман тарсовар буд, ва пеши кибриёи Ӯ нотавон будам.
Гарчанде ки адлу инсоф бо ман аст, каззоб ҳисоб ёфтаам; гарчанде ки ҷинояте накардаам, дарди ман бедавост“.
Ҳатто гуноҳ карда бошам ҳам, ба Ту, эй нигаҳбони одамизод, чӣ метавонам бикунам? Чаро маро ҳадафи Худ гардондаӣ, ба тавре ки ман барои худ бори гарон шудаам?
Чунки Ӯ маро бо тундбоди хашмаш шикаст медиҳад, ва ҷароҳатҳои маро бесабаб афзун мекунад,
Дасти Худро аз афроз бифрист; маро бираҳон ва маро аз обҳои бисьёр халосӣ деҳ, яъне аз дасти мардуми аҷнабӣ,
Аз бадқасдон низ бандаи Худро нигоҳ дор, то ки бар ман ҳукмфармо нашаванд. Он гоҳ ман беайб ва аз ҷинояти азим пок хоҳам буд.
Аз ман дур набош, зеро ки тангӣ наздик аст, ва мададгоре нест.
Гуфтам: «Роҳҳои худро эҳтиёт хоҳам кард, то ки бо забонам хатое накунам; ба даҳонам тумшуқбанд хоҳам зад, то даме ки шарир дар рӯ ба рӯи ман аст».
Ман гунг ва хомӯш будам, аз некӣ низ лаб фурӯ бастам, ва дардам бадтар шуд.
Ҷӯйҳои наҳр шаҳри Худоро хурсанд мекунанд, ки он муқаддастарини масканҳои Ҳаққи Таолост.
Кас агар руҷӯъ накунад, Ӯ шамшери Худро тез мекунад, камони Худро кашида, ба нишон мегирад;
Дил талхии ҳиссиёти худро медонад, ва дар шодии вай бегонае иштирок надорад.
Рӯҳи одам бемории ӯро мебардорад, вале рӯҳ агар афсурда бошад, кист, ки тавонад онро бардорад?
Ҳар бор, ки он бигзарад, шуморо дастгир хоҳад кард, зеро ки ҳар субҳ, ҳар рӯз ва шаб хоҳад гузашт, ва фақат фаҳмонидани пайғом боиси даҳшат хоҳад шуд.
Камони Худро мисли душман зеҳ кардааст, бо ямини Худ мисли аду ба қиём бархостааст ва ҳамаи назаррабоёнро куштааст; бар хаймаи духтари Сион хашми Худро мисли оташ рехтааст.
Фақат ба зидди ман тамоми рӯз гашта — баргашта дасти Худро нигаронидааст;
Ва дар соати нӯҳум Исо бо овози баланд фарьёд зада, гуфт: «Элӯҳӣ, Элӯҳӣ! Ламма сабақтанӣ?», яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?»
Пас, мо, ки тарси Худовандро медонем, ба мардум насиҳат медиҳем; мо ба Худо ошкор ҳастем, ва умедворем, ки ба виҷдонҳои шумо низ ошкорем.
Тирҳои Худро аз хун маст хоҳам кард, ва шамшери Ман гӯшт хоҳад хӯрд, — аз хуни мақтулон ва асирон, аз каллаҳои кафидаи душманон“.
Ба онҳо гуфт: «Маро Ноомӣ нахонед, балки Марро бихонед, зеро ки Қодир талхии зиёде бар сарам овард: