3 Зеро ки ҳоло он аз реги дарьёҳо вазнинтар аст, бинобар ин суханонам сахт аст.
«Имрӯз низ шикваи ман талх аст, чунки зарбаи дасти Ӯ аз оҳу воҳи ман сахттар аст.
Бигзор маро Худо бо тарозуи адл бисанҷад, ва беайбии маро бидонад.
Ман гуфтам: «Худовандо! Ба ман марҳамат намо; ҷонамро шифо деҳ, зеро ки пеши Ту хато кардаам».
Аз фарзандони онҳо пинҳон нахоҳем дошт: ҳамду санои Худовандро, ва қуввати Ӯро, ва корҳои аҷоиберо, ки Ӯ кардааст, ба насли оянда ҳикоят хоҳем кард.
Санг гарон аст, ва рег вазнин, вале хашми шахси беақл аз ҳар дуи онҳо гаронтар аст.
Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид;