Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 5:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ки Ӯ корҳои бузурги беҳадду ҳисобе мекунад, корҳои аҷоибе ки сону шумор надорад:

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 5:9
18 Iomraidhean Croise  

Ва агар як лаҳза сар бардорам, Ту мисли шер маро сайд хоҳӣ кард, ва боз корҳои аҷоиби Худро ба ман нишон хоҳӣ дод.


Инак, ҳамаашро чашми ман дидааст, ва гӯши ман шунида, дарк намудааст.


Ба ин гӯш деҳ, эй Айюб! Биисту ба корҳои аҷоиби Худо бодиққат назар андоз.


Оё ту аз мувозанаи абрҳо хабардор ҳастӣ, ки он аз корҳои аҷоиби Комилфикр аст?


Худо бо овози Худ ба таври аҷоиб гулдуррос мезанад, корҳои бузурге мекунад, ки барои мо ақлнорас аст.


„Он кист, ки машваратро бемаънӣ пинҳон мекунад?“ Ба яқин, ман дар бораи чизҳое ки фаҳм накардаам, фикр баён намудаам, дар бораи корҳои аҷоибе ки аз ақли ман берун аст, ва ман онҳоро намедонам.


Корҳои бузурги беҳадду ҳисобе мекунад, ва корҳои аҷоибе ки сону шумор надорад.


Ба мирон таваккал накунед, ба фарзанди одам, ки дар вай наҷоте нест:


Ман гуфтам: «Худовандо! Ба ман марҳамат намо; ҷонамро шифо деҳ, зеро ки пеши Ту хато кардаам».


Душманонам дар ҳаққи ман суханони бад мегӯянд: «Ӯ кай мемирад, то ки номаш гум шавад?»


Ба яқин Ту онҳоро дар ҷойҳои лағжонак гузоштаӣ; оқибат онҳоро дар харобиҳо хоҳӣ андохт.


Ҳама чизро Ӯ дар вақташ ба хубӣ ба вуҷуд овардааст; ҳамчунин фикри абадиятро дар дили одамизод ҷо додааст, ба тавре ки онҳо кореро, ки Худо кардааст, аз ибтидо ва то интиҳо наметавонанд дарьёбанд.


Магар ту намедонӣ? Магар ту нашнидаӣ? Худованд, Худои ҷовид, ки ақсои заминро офаридааст, хаста намешавад ва лакот намегардад; хиради Ӯ таҳқиқнопазир аст.


Зиҳӣ умқи сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо! Чӣ қадар ақлнорас аст доварии Ӯ ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ӯ!


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan