8 Аммо ман ба Худо илтиҷо менамудам, ва даъвои худро ба Худо месупурдам,
Агар ту дили худро рост кунӣ, ва дастҳои худро сӯи Ӯ дароз кунӣ,
Он қадар, ки шумо медонед, ман низ медонам; аз шумо камтар нестам.
Аммо ман мехоҳам ба Қодир сухан ронам, ва орзу дорам ба Худо исбот намоям.
Пас, бо Ӯ мувофиқат намо, ва саломат бош; ба ин тариқ ба некӯӣ ноил хоҳӣ шуд.
Сӯи Ӯ дуо хоҳӣ гуфт, ва Ӯ туро иҷобат хоҳад намуд, ва ту назрҳои худро иҷро хоҳӣ кард.
Агар ту Худоро биҷӯӣ, ва аз Қодир илтиҷо намоӣ,
Зеро ки гуноҳҳоям аз сарам гузаштааст, мисли бори гароне аз бардоштам вазнинтар аст;
Ба ҷинояткорон роҳҳои Туро таълим хоҳам дод, ва хатокорон сӯи Ту руҷӯъ хоҳанд кард.
Вале Ту, эй Худованди лашкарҳо, ки довари одил ҳастӣ, ва ботину дилро меозмоӣ, чунин бикун, ки аз онҳо интиқом гирифтанатро бубинам, зеро ки даъвои худро пеши Ту зоҳир намудаам.
Ба ин сабаб ман чунин уқубат мекашам, лекин ор намедорам, зеро медонам, ки ба Кӣ имон овардаам, ва ман яқин дорам, ки Ӯ қодир аст амонати маро то он рӯз нигоҳ дорад.
Гирифтори бадгӯӣ гардида, Ӯ ҷавобан бадгӯӣ намекард; азоб кашида, таҳдид намекард, балки Худро ба Довари Одил месупурд;
Пас, онҳое ки бар тибқи иродаи Худо уқубат мекашанд, бигзор ҷонҳои худро ба Офаридагори амин супоранд ва некӣ кунанд.