Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 5:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Дар сурате ки ҳосилоти ӯро гуруснагон мехӯранд, ва аз даруни хорбандҳо онро чида мегиранд, ва ғоратгарон молу мулки ӯро фурӯ мебаранд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 5:5
20 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд сарлашкарони подшоҳи Ашшурро бар онҳо овард, ва Менашшеро гирифта, маҳор ба бинияш заданд, ва ӯро бо занҷирҳои мис бастанд, ва ӯро ба Бобил бурданд.


Ва мардуми Сабо ҳуҷум карда, онҳоро гирифтанд, ва навкаронро ба дами шамшер заданд; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».


Ҳанӯз вай сухан меронд, ки дигаре омада, гуфт: «Калдониён се даста шуда, ба шутурҳо ҳамла оварданд ва онҳоро гирифтанд, ва навкаронро ба дами шамшер заданд; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».


Хаймаҳои тороҷгарон ором аст, ва онҳое ки Худоро ба ғазаб меоваранд, дар амният мебошанд, ки ҳар яке худои худро дар дасти худ доранд.


Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Оё ба бандаи Ман Айюб диққат додӣ, ки мисли ӯ марди беайб ва росткор ва худотарсе ки аз бадӣ дур мешавад, бар замин нест? Ва ӯ ҳанӯз ба беайбии худ қоим аст, ва ҳол он ки ту Маро бар зидди ӯ барангехтӣ, то ӯро бесабаб нобуд кунам».


Сарватеро, ки фурӯ бурда буд, қай хоҳад кард: онро Худо аз шиками ӯ бадар хоҳад ронд.


Вақте ки ҳавасҳояш пурра ба иҷро расад, ӯ ба танг хоҳад омад; ҳар дасти ситамкаш бар ӯ қиём хоҳад кард.


Бинобар ин гирдогирди ту домҳост, ва тарси ногаҳонӣ туро дар изтироб андохтааст,


Худованд ба ямини Худ ва ба бозуи қавии Худ қасам хӯрдааст: «Ғаллаи туро дигар хӯроки душманонат нахоҳам сохт, ва аҷнабиён шароби туро, ки барояш меҳнат кардаӣ, нахоҳанд нӯшид,


«Набукаднесар подшоҳи Бобил маро хӯрдааст, маро дарҳам‐барҳам намудааст, маро зарфи холие гардонидааст, мисли тимсоҳе маро фурӯ бурдааст, шиками худро аз неъматҳои ман пур кардааст, маро бадар рондааст.


Ва Билро дар Бобил ҷазо хоҳам дод, ва он чи фурӯ бурдааст, аз даҳонаш берун хоҳам овард, ва халқҳо ба сӯи он дигар равон нахоҳанд шуд; ҳисори Бобил низ фурӯ хоҳад ғалтид.


Ҳамаи душманонат даҳони худро бар ту кушодаанд, ҳуштак кашида ва дандон ғиҷиррос занонда, мегӯянд: «Онро талаф кардем! Ҳай‐ҳай, ин ҳамон рӯз аст, ки дар интизораш будем ва ҳоло ба он ноил шудаем, онро ба чашми худ дидаем!»


Худованд мисли душман шуда, Исроилро талаф намудааст: ҳамаи қасрҳои онро талаф намуда, калъаҳои онро хароб кардааст ва барои духтари Яҳудо нолаву фиғонро афзудааст;


Азбаски онҳо бодро коштанд, бинобар ин тундбодро хоҳанд даравид; онро ҳосиле нест: хӯшаҳояш орд нахоҳад дод, агар диҳад ҳам, бегонаҳо онро хоҳанд хӯрд.


Ҳосили заминат ва тамоми меҳнататро қавме ки ту намешинохтӣ, хоҳанд хӯрд; ва ту тамоми айём фақат мазлум ва ситамкаш хоҳӣ буд.


Ва самараи чорпоёнат ва ҳосили заминатро хоҳад хӯрд, то даме ки хонавайрон шавӣ, ба тавре ки ғалла, шираи ангур, равғани зайтун, зоиши говонат ва афзоиши гӯсфандонатро барои ту боқӣ нахоҳад гузошт, то даме ки туро маҳв созад;


Ва фариштаи Худованд омада, зери дарахти пистае ки дар Ӯфро аз они Юоши Абиэзрӣ буд, нишаст, ва писараш Ҷидъӯн гандумро дар чархушт мекӯфт, то ки онро аз Мидьён пинҳон кунад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan