3 Ман дидаам, ки беақле реша медавонд, ва ногаҳон маскани ӯ гирифтори бало шуд.
Вай бар рӯи об сабук аст; қисмати вай бар замин нафрин аст: ба роҳи токзор дигар рӯ нахоҳад овард.
Зеро риёкор чӣ умеде дорад, вақте ки Худо ӯро маҳв мекунад, вақте ки ҷони ӯро мегирад?
Ва ҳол он ки даҳони худро аз хато кардан нигоҳ дошта, бар ҷони вай лаънат нахостаам;
Маро тарк накун, эй Худованд Худои ман! Аз ман дур набош;
Зеро ки дар китоби Забур навишта шудааст: „Манзили вай хароб гардад ва касе дар он сокин нашавад“; ва: „Ҷоҳу ҷалоли варо дигаре бигирад“.