2 Зеро ки хашм беақлро мекушад, ва ҳасад соддалавҳро ба ҳалокат мерасонад.
Ва Роҳел дид, ки ба Яъқуб назоид, ва Роҳел ба хоҳари худ ҳасад бурд, ва ба Яъқуб гуфт: «Ба ман фарзанд бидеҳ; вагар на, мемирам».
Вале Ӯнон медонист, ки он насл аз они ӯ нахоҳад буд; бинобар ин, ҳар гоҳ, ки назди зани бародараш мехобид, манӣ ба замин мерехт, то ки насле барои бародари худ надиҳад.
Эй, ки ҷони худро дар ғазаби худ медарӣ! Наход ки барои ту замин хароб шавад, ва кӯҳпора аз ҷояш кӯч кунад?
Таронаи Довуд. Худовандо! Кист, ки дар хаймаи Ту иқомат намояд? Кист, ки дар кӯҳи муқаддаси Ту сокин шавад?
Дар он ҷо барқҳои камонро шикаст: сипар ва шамшер ва ҷангро. Село.
Хашми аблаҳ дарҳол маълум мешавад, вале шахси бофаросат дашномро шунида, худдорӣ мекунад.
Касе ки аҳкомро риоя кунад, ҷони худро нигаҳбонӣ менамояд, вале касе ки ба роҳҳои худ беэътиноӣ кунад, ба ҳалокат мерасад.
Пурхашм албатта ҷазо мебинад, чунки агар ӯро раҳо намоӣ, боз ҳам ҷазо додан лозим мешавад.
Санг гарон аст, ва рег вазнин, вале хашми шахси беақл аз ҳар дуи онҳо гаронтар аст.
Эй соддадилон! Фаросат биомӯзед, ва эй аблаҳон, дониш биомӯзед.
Дар рӯҳи худ ба хашм гирифтан шитоб накун, чунки хашм дар синаи аблаҳон қарор меёбад.
Ва Эфроим мисли кабӯтари соддадили нофаҳме гардидааст: Мисрро мехонанд, сӯи Ашшур мераванд.
Ва Худо ба Юнус гуфт: «Оё хуб аст, ки барои канадона дар қаҳр шавӣ?» Вай гуфт: «Хуб аст, ки то ба дараҷаи марг дар қаҳр шавам».
Вале онҳоеро, ки саркашӣ карда, ростиро рад менамоянд, ва мутеи норостӣ мешаванд, ба хашму ғазаб гирифтор хоҳад кард.
Зеро ба онҳо касоне тааллуқ доранд, ки пинҳонӣ ба хонаҳо даромада, занони заифмизоҷеро фирефта мекунанд, ки дар гуноҳҳо ғӯтидаанд, ба ҳавасҳои гуногун моил шудаанд.