3 Кист, ки аз Ман пешдастӣ кардааст, ва Ман талофӣ бидиҳам? Зери тамоми осмон ҳар чиз аз они Ман аст.
Чунон шахси диловаре нест, ки варо барангезад; пас кист, ки ба ҳузури Ман истодагӣ намояд?
Дар бораи андоми вай хомӯш нахоҳам монд, ва дар бораи иқтидор ва зебоии ҷуссаи вай.
Таронаи Довуд. Сӯи Ту, эй Худованд, ҷонамро баланд мекунам.
Ва алҳол, агар шумо ба овози Ман ба яқин гӯш диҳед, ва аҳди Маро риоят кунед, шумо ганҷи гузини Ман аз миёни ҳамаи қавмҳо хоҳед буд; зеро ки тамоми замин аз они Ман аст.
Ҷавоби нарм ғазабро фурӯ менишонад, вале сухани сахт хашмро бармеангезад.
Бенаво бо зорӣ сухан меронад, вале сарватдор бо дуруштӣ ҷавоб медиҳад.
Бо сабурӣ мирро ба марҳамат моил кардан мумкин аст, ва забони нарм устухонро мешиканад.
Ва онҳо ба ғайбдонон мегӯянд: «Ғайбдонӣ накунед!» — ва ба анбиё мегӯянд: «Барои мо ҳақиқатро нубувват нанамоед, балки ба мо суханони ширин гӯед, ҳазлу шӯхиро нубувват кунед,
Нуқра барои Ман аст, ва тилло барои Ман аст, мегӯяд Худованди лашкарҳо.