2 Чунон шахси диловаре нест, ки варо барангезад; пас кист, ки ба ҳузури Ман истодагӣ намояд?
Азбаски адовате ки ба ман дорӣ, ва лоуболии ту ба гӯши ман расидааст, бинобар ин маҳори Худро ба бинии ту, ва ҷилави Худро ба даҳони ту хоҳам зад, ва туро бо роҳе ки омадаӣ, хоҳам баргардонид.
Кист, ки аз Ман пешдастӣ кардааст, ва Ман талофӣ бидиҳам? Зери тамоми осмон ҳар чиз аз они Ман аст.
Ӯ донодил ва бо қуввати Худ ҷасур аст; кист, ки бар зидди Ӯ қиём карда, саломат монда бошад?
Ҳикмате нест, ва хираде нест, ва машварате нест бар хилофи Худованд.
Дар он рӯз Худованд бо шамшери сахт ва бузург ва пурзӯри Худ он аждар‐мори тозонро ва он аждар‐мори печонро сазо хоҳад дод, ва он тимсоҳро, ки дар баҳр аст, хоҳад кушт.
Азбаски адовате ки ба Ман дорӣ, ва лоуболии ту ба гӯши Ман расидааст, бинобар ин маҳори Худро ба бинии ту, ва ҷилави Худро ба даҳони ту хоҳам зад, ва туро бо роҳе ки омадаӣ, хоҳам баргардонид.