6 Оё таваккали ту ба худотарсии ту ва умеди ту ба беайбии роҳҳои ту нест?
«Лутфан, эй Худованд, ба ёд овар, ки чӣ гуна ман ба ҳузури Ту бо ростӣ ва аз самими қалб рафтор намудаам, ва он чи дар назари Ту мақбул буд, ба амал овардаам». Ва Ҳизқиё зор‐зор гирист.
Марде дар замини Ус буд, ки Айюб ном дошт, ва он мард беайб ва росткор ва худотарс буд ва аз бадӣ дур мешуд.
Инак, маро қатл кунад ҳам, ба Ӯ умед хоҳам баст, аммо беайбии роҳҳои худро ба ҳузури Ӯ исбот хоҳам кард.
Гарчанде ки ҳеҷ ситаме дар дасти ман нест, ва дуои ман нок аст.
Пас, умеди ман куҷост? Ва кист, ки умеди маро дида бошад?
Таронаи Довуд. Худованд нури ман ва наҷоти ман аст: аз кӣ тарсон бошам? Худованд истеҳкоми ҷони ман аст: аз кӣ ҳаросон бошам?
Маро бо шарирон ва бадкирдорон маҳв накун, ки бо ёронашон дар бораи сулҳу осоиштагӣ сухан меронанд, вале бадӣ дар дил доранд.
Дар худотарсӣ қалъаи мустаҳкаме ҳаст, ва вай барои фарзандонаш паноҳгоҳ мешавад.
Зеро ки Худованд умедбахши ту хоҳад буд, ва пои туро аз дом нигоҳ хоҳад дошт.
Ва айёми ту бо ганҷи наҷот, ҳикмат ва дониш устувор хоҳад шуд; тарси Худованд махзани он хоҳад буд.
Бинобар ин, камари ақли худро маҳкам баста ва ҳушьёр шуда, ба файзе ки дар вақти зуҳури Исои Масеҳ ба шумо ато хоҳад шуд, комилан умедвор бошед.
Ва агар шумо Ӯро Падар мехонед, ки бе рӯйбинӣ ҳар касро аз рӯи аъмолаш доварӣ мекунад, пас замони ғурбати худро бо худотарсӣ бигзаронед,