5 Вале акнун ба сари худат омадааст, ва ту бетоқат шудаӣ; навбат ба худат расидааст, ва ту аз рӯҳ афтодаӣ.
Аммо дасти Худро дароз карда, ба ҳар чизе ки ӯ дорад, бизан, — Туро ба ҳузурат дашном хоҳад дод».
Ба ман лутф намоед, ба ман лутф намоед шумо, эй ёронам! Зеро ки дасти Худо бар ман зарба расондааст.
Аммо дасти Худро дароз карда, ба устухон ва гӯшти ӯ бизан, — Туро ба ҳузурат дашном хоҳад дод».
Суханони ту рӯҳафтодаро ба по мехезонд, ва зонуҳои ларзонро ту қувват мебахшидӣ.
Маъюс аз ҷониби ёраш сазовори марҳамат аст, агарчи тарси Қодирро тарк карда бошад.
Ба эҳсони Ту шодӣ ва хурсандӣ мекунам, чунки мусибати маро дидаӣ, ғуссаҳои ҷонамро донистаӣ,
Агар дар рӯзи тангӣ заифдил бошӣ, қуввати ту кам аст.
Бинобар ин мо, ки дорои чунин хизмат ҳастем, ки он аз рӯи марҳамат ба мо ато шудааст, ноумед намешавем;
Бинобар ин мо ноумед намешавем, ва агар одами зоҳирӣ дар мо фано шавад, одами ботинӣ рӯз ба рӯз нав мешавад.
Дар бораи Ӯ фикр кунед, ки аз дасти гуноҳкорон ба чунин хорӣ тоб овард, то ки шумо дар ҷонҳои худ хаста ва суст нашавед.
Ва он насиҳатро, ки ба шумо, ҳамчун ба писарон гуфта шудааст, фаромӯш кардаед: «Эй писарам! Ба ҷазои Худованд беэътиноӣ накун, ва ҳангоме ки Ӯ туро мазаммат намояд, маъюс нашав;