Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 4:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Инак, ту бисьёр касонро панд додаӣ, ва дастҳои бемадорро тақвият намудаӣ.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 4:3
21 Iomraidhean Croise  

Зеро ӯро барои он шинохтаам, ки фарзандони худро, ва аҳли байти худро баъд аз худ амр хоҳад фармуд, ки роҳи Худовандро риоя карда, адлу инсофро ба амал оваранд, то ки Худованд он чи дар ҳаққи Иброҳим гуфтааст, ба вай бирасонад».


Ва иди фатирро ҳафт рӯз бо шодмонӣ ба ҷо оварданд, зеро ки Худованд онҳоро шод кард ва дили подшоҳи Ашшурро ба онҳо моил намуд, то ки дастҳои онҳоро дар кори хонаи Худо, Худои Исроил, пурзӯр созад.


Бо даҳони худ шуморо далер менамудам, ва тасаллии лабҳоям дарди шуморо сабук мекард.


Гӯше ки овозаи маро мешунид, маро сазовори хушбахтӣ медонист; ва чашме ки рафтори маро медид, ба адолати ман шаҳодат медод,


Ман барои кӯр чашм будам ва барои ланг — пой;


Барои мискинон ман падар будам, ва даъвои ношиносро тафтиш менамудам,


Маро мешуниданд ва интизор мешуданд, ва барои машварати ман хомӯш мемонданд.


Суханони ту рӯҳафтодаро ба по мехезонд, ва зонуҳои ларзонро ту қувват мебахшидӣ.


Лабҳои одил касони бисьёрро ҳидоят мекунад, вале аблаҳон аз беақлӣ мемиранд.


Лабҳои хирадмандон донишро паҳн менамояд, вале дили аблаҳон чунин нест.


Донодил оқил номида мешавад, ва ширинии лабҳо донишро меафзояд.


Дастҳои беқувватро қавӣ кунед, ва зонуҳои ларзонро тақвият диҳед.


Худованд Худо забони донишҷӯёнро ба Ман додааст, то ки тавонам бемачолеро бо калом дастгирӣ намоям; Ӯ субҳ ба субҳ бедор мекунад, гӯши Маро бедор мекунад, то ки мисли донишҷӯён бишнавам.


Азбаски шумо дили марди одилро ба воситаи дурӯғи худ ғамгин мекунед, — ва ҳол он ки Ман намехостам ғамгин намоям, — ва дастҳои марди шарирро тақвият медиҳед, бе он ки вай аз рафтори бади худ тавба карда, зинда монад,


Дар он рӯз ба Ерусалим гуфта хоҳад шуд: «Натарс!» ва ба Сион: «Бигзор дастҳоят суст нашавад!»


Аммо Ман барои ту дуо гуфтам, то ки имонат таназзул накунад; ва ту як вақте, руҷӯъ намуда, бародарони худро устувор гардон».


Ва фариштае аз осмон бар Ӯ зоҳир гардида, Ӯро тақвият медод.


Ҳеҷ як сухани қабеҳе аз даҳонатон набарояд, балки фақат сухани нек, ки дар вақти эҳтиёҷот барои обод кардан бошад, то ки ба шунавандагонаш файз бахшад.


Ва ба Еҳушаъ амр фармуда, ӯро қавӣ ва далер гардон, зеро ки ӯ пешопеши ин қавм убур намуда, заминеро, ки ту хоҳӣ дид, барои тасарруфи онҳо тақсим хоҳад кард“.


Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад, то шумо бидонед, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳед.


Пас, дастҳои беқувват ва зонуҳои бемаҷолро қавӣ кунед


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan