12 Ва пеши ман чизе махфӣ зоҳир шуд, ва гӯши ман пичирросе аз ҷониби он шунид.
Инак, ҳамаашро чашми ман дидааст, ва гӯши ман шунида, дарк намудааст.
Инак, инҳо ҳиссаест аз роҳҳои Ӯ; ва чӣ сухани андаке дар ҳаққи Ӯ шунидаем! Вале раъди қудрати Ӯро кист, ки тавонад пай барад?»
Дар хоб, дар рӯъёи шаб, вақте ки одамонро хоб зер мекунад; вақте ки бар бистар ғанабашон мебарад.
Онҳоро аз дами шамшер хоҳанд гузаронд; онҳо тӯъмаи шағолон хоҳанд шуд.
Зеро ки мо ҳоло дар оина, ба таври муаммо мебинем, лекин он вақт рӯ ба рӯ хоҳем дид; ҳоло ман ба таври ҷузъӣ медонам, лекин он вақт хоҳам донист ба монанди он ки худам низ дониста шудаам.