Ва инак, боди азиме аз ҷониби биёбон омада, чор кунҷи хонаро фаро гирифт, ва он бар ҷавонон фурӯ рафт, ва онҳо мурданд; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».
Шере аз бешаи худ боло баромадааст, ва талафкунандаи халқҳо ҳаракат карда, аз макони худ берун омадааст, то ки замини туро ба биёбон табдил диҳад, ва шаҳрҳои ту хароб шуда, ғайримаскун гардад».
Аммо Худованд ёри ман буд ва маро қавӣ кард, то ки ба воситаи ман башорат тамоман эълон гардад, ва ҳамаи халқҳо онро бишнаванд; ва ман аз даҳони шер раҳо шудам.