10 Наъраи шер, ва овози арсалон, ва дандонҳои шербачаҳо мешиканад;
Ва дандонҳои осиёи шахси ноинсофро мешикастам, ва нахҷирро аз дандонҳояш меафтондам.
Ӯ бенаворо аз шамшери даҳони онҳо ва аз дасти зӯровар наҷот медиҳад.
Аз беварҳои мардум, ки маро муҳосира кардаанд, наметарсам.
Шарирон аз аввали таваллуди худ каҷ мераванд; аз шиками модар козибон гумроҳ мешаванд.
Валекин Ту, эй Худованд, эй Худои лашкарҳо, эй Худои Исроил, бархоста ҳамаи халқҳоро сазо деҳ, ба ҳеҷ як хоини ҷафокор раҳм накун. Село.
Шомгоҳ бармегарданд, чун сагон нула мекашанд, ва шаҳрро давр мезананд.
Насле ҳастанд, ки дандонҳошон шамшерҳост, ва дандонҳои осиёашон — кордҳо, то ки бенавоёнро аз рӯи замин ва мискинонро аз миёни одамон бихӯранд.