8 Бигзор онро нафринкунандагони рӯз, ки метавонанд аждарро бедор кунанд, лаънат гӯянд!
Ва Ирмиёҳу дар ҳаққи Йӯшиёҳу марсия хонд, ва ҳамаи муғанниён ва муғанниягон дар марсияҳои худ то имрӯз дар ҳаққи Йӯшиёҳу суҳан меронанд, ва он марсияҳо дар Исроил ба ҳукми қонун даромадааст; ва инак, онҳо дар китоби марсияҳо навишта шудааст.
Инак, бигзор он шаб нозой бошад, таронасароӣ дар он шунида нашавад!
Бигзор ситораҳои шоми он тира шавад, он ба нуре интизорӣ барад, — вале набошад, ва бигзор мижгони саҳарро набинад,
Инак, умеди дастгир кардани вай беасл аст; фақат аз дидани вай, охир, кас ба даҳшат хоҳад афтод.
Аз атсаҳои вай нур падид меояд, ва чашмони вай мисли пилкҳои шафақи субҳ аст.
Бар рӯи хок мислаш нест, ки чунин нотарс офарида шуда бошад.
Дар он рӯз Худованд бо шамшери сахт ва бузург ва пурзӯри Худ он аждар‐мори тозонро ва он аждар‐мори печонро сазо хоҳад дод, ва он тимсоҳро, ки дар баҳр аст, хоҳад кушт.
Бинобар ин Худованд Худо, Худои лашкарҳо чунин мегӯяд: «Дар ҳамаи майдонҳо навҳа хоҳад буд, ва дар ҳамаи кӯчаҳо хоҳанд гуфт: „Ҳайҳот! Ҳайҳот!“ Ва зироаткорро барои мотам гирифтан, ва навҳагаронро барои навҳа кардан хоҳанд хонд.
Мегӯянд: „Барои шумо най навохтем, рақс накардед; барои шумо навҳагарӣ кардем, нагиристед“.
Чун ба хонаи сардори куништ расид, азодоронро дар ҳолати изтироб дид, ки гирья ва навҳаи бисьёр мекарданд.