Ва нагуфтанд: „Куҷост Худованде ки моро аз замини Миср берун овард, ва моро дар биёбон, дар замини вайрона ва пур аз ҳафраҳо, дар замини харобазор ва зулмот бурд, дар замине ки касе аз он гузар накардааст, ва касе дар он сокин набуд?“
Замин дар ин хусус мотам хоҳад гирифт, ва осмон аз боло тира хоҳад шуд, зеро ки Ман инро гуфтам ва азм намудам, ва пушаймон нахоҳам шуд, ва аз ин азм нахоҳам гашт».
Рӯзи торикӣ ва зулмот, рӯзи абр ва меғ, мисли шафақи субҳ, ки бар кӯҳҳо паҳн шуда бошад: қавми сершумор ва зӯровар, ки мисли онҳо аз азал набуд, ва баъд аз онҳо то абад нахоҳад буд.
Ва идҳои шуморо ба мотам, ва ҳамаи сурудҳои шуморо ба навҳа табдил хоҳам дод, ва бар ҳар камар палос, ва бар ҳар сар бемӯӣ хоҳам овард, ва инро мисли мотами фарзанди ягона, ва охирашро мисли рӯзи талх хоҳам гардонид.