4 Бигзор он рӯз тира шавад, онро Худо аз афроз ба ҳисоб наоварад, ва рӯшноӣ бар он надурахшад!
«Нест бод рӯзе ки дар он таваллуд ёфтам, ва шабе ки дар он гуфта шуд: „Наринае ба вуҷуд омад!“
Бигзор онро тирагӣ ва зулмот фурӯ барад, абр бар он сокин шавад, кусуфоти рӯз онро дар даҳшат андозад!
Рӯзи торикӣ ва зулмот, рӯзи абр ва меғ, мисли шафақи субҳ, ки бар кӯҳҳо паҳн шуда бошад: қавми сершумор ва зӯровар, ки мисли онҳо аз азал набуд, ва баъд аз онҳо то абад нахоҳад буд.
Вой ба ҳоли муштоқони рӯзи Худованд! Ин рӯзи Худованд ба шумо барои чӣ лозим аст? Он торикист ва на рӯшноӣ.
Ва аз соати шашум тамоми рӯи заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гирифт.
Чандин рӯз на офтоб аён мешуд, на ситорагон; тӯфони шадид як зайл давом мекард, ва дигар ҳеҷ умеде барои халосии мо набуд.
Заминест, ки Худованд Худои ту ба он ғамхорӣ менамояд, чашмони Худованд Худои ту ҳамеша, аз аввали сол то охири сол бар он аст.
Фариштаи панҷум косаи худро бар тахти ҳайвони ваҳшӣ рехт, ва малакути он торик шуд, ва онҳо забонҳои худро аз дард мегазиданд,