16 Ё мисли афгонаи гӯронидашудае номавҷуд мебудам, мисли тифлоне ки рӯшноиро надидаанд.
Ки он вақт ба чизи номавҷуде монанд мебудам, ва аз батн рост ба қабр бурда мешудам!
Ё бо мирон, ки тилло доштаанд, ва хонаҳои худро аз нуқра пур кардаанд;
Дар он ҷо шарирон хашмгиниро бас мекунанд, ва дар он ҷо бемаҷолон ором меёбанд.
Инак, бо даҳони худ мелаққанд; шамшерҳо дар лабҳои онҳост; зеро, ба гумонашон, «кист, ки бишнавад?»
Валекин Ту, эй Худованд, бар онҳо хоҳӣ хандид; ҳамаи халқҳоро тамасхур хоҳӣ кард.
Ва аз ҳар дуи онҳо хушбахттар аст касе ки ҳанӯз ба дуньё наомадааст, касе ки корҳои бадеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад, надидааст.
Агар касе сад писар ба дуньё оварад, ва солҳои бисьёр зиндагӣ кунад, ва айёми солҳояш боз ҳам зиёд шавад, валекин ҷонаш аз некӣ сер нашавад, ва ӯ дафну кафан низ надошта бошад, — мегӯям, ки афгона аз ӯ беҳтар аст,
Ва пас аз ҳама ба ман низ, ки гӯё тифли хоме будам, зоҳир зуд.