Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Айюб 3:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Чаро вақте ки аз батн берун омадам, намурдам? Ва ҳангоме ки аз раҳим баромадам, ҷон надодам?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Айюб 3:11
15 Iomraidhean Croise  

«Маро бишнавед, эй хонадони Яъқуб, ва эй тамоми бақияи хонадони Исроил, ки аз батн шуморо бар Худ бор кардаам, ва аз раҳим шуморо бардоштаам,


Худовандо, ба онҳо ҳар чи медиҳӣ, бидеҳ: раҳими бачапарто ва пистонҳои хушк ба онҳо бидеҳ.


Вой бар ман, эй модарам, ки ту маро марде зоидаӣ, ки тамоми аҳли замин бо ман низоъ ва нифоқ мекунанд! На ба касе қарз додаам, ва на аз касе қарз гирифтаам, лекин ҳама ба ман лаънат мехонанд.


Мисли борон бар алафзори даравшуда хоҳад фуромад, мисли қатраҳое ки заминро сероб мекунанд.


Инак, бо даҳони худ мелаққанд; шамшерҳо дар лабҳои онҳост; зеро, ба гумонашон, «кист, ки бишнавад?»


Барои он ки дарҳои батни модарамро набаст ва азобро аз чашмонам пинҳон накард!


Чаро зонуҳо маро қабул кард? Ва чаро ба ман сина доданд, ки бимакам?


Ва ман мурдаҳоеро, ки пеш аз ин мурдаанд, назар ба зиндаҳое ки ҳанӯз зинда ҳастанд, хушбахт мешуморам;


Ва аз ҳар дуи онҳо хушбахттар аст касе ки ҳанӯз ба дуньё наомадааст, касе ки корҳои бадеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад, надидааст.


Аз боиси он ки вай маро дар худи батн намиронидааст, то ки модарам қабри ман бошад, ва батнаш ҳомилаи абадӣ бимонад.


Агар касе сад писар ба дуньё оварад, ва солҳои бисьёр зиндагӣ кунад, ва айёми солҳояш боз ҳам зиёд шавад, валекин ҷонаш аз некӣ сер нашавад, ва ӯ дафну кафан низ надошта бошад, — мегӯям, ки афгона аз ӯ беҳтар аст,


Офтобро низ надид ва надонист; вай аз он кас бештар ором дорад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan